Рубрики
Асосӣ

АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ АЛБОМ – ЭСТАФЕТА ТАҲТИ УНВОНИ “30 СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ” БАХШИДА БА 30 – СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар “Кохи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Аксияи ҷумҳуриявии  “Албом- Эстафета” таҳти унвони  “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида  ба 30 – солагии Иҷлосияи 16- Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек, собиқадорони ҳизбу меҳнат, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҷавонони фаъол – аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид. Ҳамоишро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Мавсуф оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда қайд намуд, ки сӣ сол муқаддам дар ҳамин толори таърихӣ Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он ба низом даровардани авзои мураккаби сиёсӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ буд. Ин иҷлосия дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир дониста мешавад.

Метавон ин иҷлосияро ҳамчун пойдевор ва Кохи  мӯҳташами  сулҳ дар Тоҷикистон ном ниҳод. Дар иҷлосия ҳайати нави сиёсии кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро таҳия  ва дар амал татбиқ намуд. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам овард ва хатари парокандагии давлати тоҷиконро аз миён бардошт.

Сипас Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек ба сухан баромада қайд намуд, ки маҳз қасри таърихии Арбоб, ки аз маҳбубтарин мавзеи хушобу ҳаво ва таърихии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсуб мешавад, ба олами сиёсат шахсиятеро овард, ки бо дониши баланди фитрӣ, маҳорати хоссаи ташкилотчигӣ, ҳисси баланди миллӣ ва диловарию шуҷоатмандӣ тавонист давлати фалаҷгаштаро ҷон ва нерӯ бахшад, дар дили сокинон умед ба фардои неки миллатро бедор созад. Аз ин хотир дар қатори миллионҳо сокинони кишвар мардуми ваҳдатшиори ноҳияи овозадори ба номи Бобоҷон Ғафуров ифтихр аз он доранд, ки маҳз дар ҳамин ноҳия як чеҳраи мондагори таърих муаррифӣ шуданд.

    Иштирокчии Иҷлосияи 16-Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродҷон Тоҳиров   аз таърихи Иҷлосия ёдовар шуда баён намуд, иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити хеле ҳассос ва вазнини кишвар доир гардида, бо вуҷуди он, ки он дар минтақаи аз лиҳози амнияти ором доир шуда бошад, ҳам аз ҳар як иштирокчии Иҷлосия, далериву шуҷоматмандиро тақозо мекард. Он масъалаҳое, ки дар рӯзномаи кори ҷаласа бояд баррасӣ мешуданд, маҳз бо талош ва самараҳои фаъолияти вакилон вобастагии калон дорад.

Дар ҳамоиш  Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим,  гирандаи степендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Турсунов сухан намуданд. 

Бояд зикр намуд, ки Аксияи мазкур бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар ҳамбастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир гардида, он дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баргузор мегардад. 

Сипас  ба хатмкунандагони курси мактаби захираи кадрҳои кумиҷроияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаҳодатнома супориданд. Пас аз намоиши  қисми фарҳангии чорабинӣ ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳусни анҷом бахшид. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *