Рубрики
Асосӣ

“Албом эстафета”-ро Раиси шаҳри Хуҷанд ба рохбарияти шаҳри Гулистон супорид

Тавре, ки иттилоъ дода будем, ҷиҳати тарғибу ташвиқи аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо доир шуда истодааст.Дирӯз Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд “Албом-Эстафета” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” -ро аз роҳбарияти шаҳри Бӯстон қабул намуда, силсилаи зиёди чорабиниҳоро дар шаҳри бостонии Хуҷанд роҳандозӣ намуд.Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар даромадгоҳи шаҳри Гулистон албоми рамзиро ба Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.Хачунин дар супоридани “Албом-Эстафета” Раиси Кумитаи ичроияи Хизби Хакии Демократии Точикистон дар вилояти Сугд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси кумичроияи шахри Хучанд Бахтиёр Исматчонов, фаъолони хизб, собикадрон ва аъзохои ТЧЧ «Созандагони Ватан» бо як рухияи идона ширкат доштанд. Бояд қайд намуд, ки дар баргузории чорабинии мазкур КДК “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” ва ширкати хадамотии такси “Максим” бо автобус ва мошинхои замонавии хеш фаъолона иштирок намуда, саҳмгузорӣ карданд.Ҷоиз ба зикр аст, ки Аксияи ҷумҳуриявии “Албом-эстафета” бо ташаббуси якҷояи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ роҳандозӣ мешавад. Албом-эстафета байни аъзои ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва ҷавонони фаъоли ташкилотҳои ҳизбӣ аз моҳи сентябри соли 2022 оғоз гардида, дар арафаи таҷлили 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи фарҳангиву фароғатии Қасри маданияти Арбоб ҷамъбаст мегардад ва аз номи ҳизбиёни ҷумҳурӣ ба осорхонаи ин боргоҳ тақдим хоҳад шуд.Албоми мазкур бо навбат аз санаи 12 то 22-юми сентябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз 22-юми сентябр то 5-уми октябр дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аз 5-уми октябр то 14-уми октябр дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, аз 14-уми октябр то 3-юми ноябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва аз 3-юми ноябр то 6-юми ноябр дар шаҳри Душанбе ворид мегардад ва масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тибқи барномаи алоҳида дар вазъияти тантанавӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияи худ Албомро қабул менамоянд.Бояд ёдовар шуд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир маҳсуб мешавад.Иҷлосияи мазкурро ҳамчун пойдевор ва Кохи муҳташами сулҳ дар Тоҷикистон метавон арзёбӣ намуд, зеро маҳз дар он ҳайати нави сиёсии роҳбарияти олии кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаҳои амалии рафъи бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишварро таҳия ва қабул намуд. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам овард ва хатари парокандагии давлати тоҷиконро аз миён бардошт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *