Рубрики
Асосӣ

АЛБОМ-ЭСТАФЕТА ТАҲТИ УНВОНИ “30-СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ” ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН

      Бо иқдоми  Кумитаи   Иҷроияи Марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилоят ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баҳри  арҷгузории ба заҳматҳои шабонарӯзии  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтатам Эмомалӣ  Раҳмон  таърихи 15.09.2022  Албом – эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” дар шаҳри Гулистон доир гардид.

      Дар даромадгоҳи шаҳри Гулистон таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода, бо фаъолони ҲХДТ дар шаҳру вилоят дар вазъияти тантанавӣ Албом-эстафетаи “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат”-ро аз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович қабул намуданд.

      Бо садо додани суруди “Ватан” дар назди майдони “Тоҷикистон ба пеш” меҳмонон аз намоиши варзишгарони шаҳр дидан намуданд. Сипас, роҳпаймоӣ таҳти шиори “Шараф, ба Пешвои муаззами миллат” оғоз гардид. Дар роҳпаймоӣ кулли кормандони ташкилоту корхонаҳо, ҷавонони шаҳр ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”ширкат доштанд.

        Баъдан, меҳмонон дар саҳни кохи “Истиқлол” 
аз  дастовардҳои хонандагону омузгорон, варзишгарону иштирокчиёни озмуну оилимпиадаҳои  сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ки ба намоиш гузошта шуда   буд   шинос гардиданд.

         Машқҳои варзишӣ аз ҷониби шогирдони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созмони ҷавонон” мактаби варзишӣ бо руҳияи баланди  ватандӯстиву меҳанпарастӣ ба  меҳмонон  намоиш дода шуд.

        Дар толори кохи “Истиқлол” ҳамоиш Албом – эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” ба кори худ идома ёфт. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода

меҳмонони ҳамоиш, собиқадорони ҳизбу меҳнат, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   вакилони  Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, фаъолони ҳизб,  занон ва ҷавонони КИ, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» хайрамақдам гуфт ва бо садо додани Суруди миллӣ ҳамоиш оғоз ёфт.

        Муслимахон Ҷамолиён аҳли иштирокчиёни ҳамоишро ёдовар намуд, ки сӣ сол муқаддам дар толори таърихии Қасри Арбоб  Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он ба низом даровардани авзои мураккаби сиёсӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ буд. Иҷлосия дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир дониста мешавад.

          Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар суханронии хеш кулли меҳмон, собиқадорон,  аъзои фаъоли ҳизб,  ҷавонони ватандӯстро шодбош намуда, изҳор доштанд, ки ҳадафи баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонун дар ниҳоди насли ояндасози кишвар аст, ки дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

        Дар баромади хеш Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон қайд намуд, ки мардуми кишвари азиз имсол боз як руйдоди таърихӣ – 30 солагии Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовези азими меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Ин анҷумани саодатофар дар таҳкими истиқлоли миллӣ, оромию суботи сиёсӣ, баҳамойии тарафҳои муқобил саҳми шоиста дорад. Таърихи начандон дури кишвар собитгари он аст, ки  дар саргаҳи саодати миллат ва зиндагии шоистаи мардум номи як шахсияти мондагор, фарзанди фарзона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад, ки дар такя ба нерӯи бузургу хиради волои халқ тавонистанд миллатро сарҷамъ созанд.

       Маърӯзачиён иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каромулло  Одилов ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов ибрози сухан доштанд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити хеле ҳассос ва вазнини кишвар доир гардида, бо вуҷуди он, ки он дар минтақаи аз лиҳози амнияти ором доир шуда бошад, ҳам аз ҳар як иштирокчии Иҷлосия, далериву шуҷоматмандиро тақозо мекард. Миллати фарҳангсоз ва тамаддунофари тоҷик дар фароварди садаи XX соҳиби ду дастоварди ниҳоят арзишманд бо номи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ гардиданд, ки асоси ҷовидонаи ин миллатро дар арсаи таърих таъмин намуданд. Имрӯзҳо бошад, мардуми ваҳдатшиори мамлакат боз як руйдоди таърихӣ – 30 солагии Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовези азими меҳнатӣ пешвоз мегиранд.

      Дар интиҳо фаъолон бо  Сипосномаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон қадрдонӣ карда шуданд. Сипас, чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорон намоиш дода шуд.

      Пас аз намоиши қисми фарҳангӣ ҳамоиш таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни анҷом ёфт.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *