Рубрики
Uncategorized

АЛО ШЕЪРИ АҶАМ, МАРО ТУ ЗИНДА ХОҲӢ ДОШТ

 Бахшида ба 80 – солагии шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳамҷоя бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахши фарҳанг”, Лоиқхонӣ таҳти унвони “Ало шеъри аҷам, маро ту зинда хоҳӣ дошт” бо иштироки занону ҷавонон аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” фаъолони ҳизб ва собиқадорони ҳизб доир карда шуд. Мудири бахши занон ва ҷавонони Кумиҷроияи шаҳрӣ доир ба мавзуъи “Ватан Ватанхоҳӣ” баромад намуд. Дар чорабинии Лоиқхонӣ толибилмон аз муассисаҳои таълимӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти Лоиқ Шералӣ маълумотҳо дода аз ашъори шоир порчаҳои назмӣ қироат намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *