Дар ТИ “Амонатбонк” Ҷиҳати амалӣ намудани қарори Маҷлиси Раёсати Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021, масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод иқдоми “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” санаи 19.05.2021 баргузор намуданд. Дар вохӯрӣ баҳри тақвияти кор тибқи талаботҳои асосӣ аз қабили мавҷудияти шаҳодатномаи аъзои ҳизб, мувофиқат кардани ному насаби аъзои ҳизб, ки дар шаҳодатома дарҷ шудаанд бо варақаи шахсии аъзои ҳизб, мувофиқат кардани рақами шаҳодатнома бо варақаи шахсӣ, дақиқ муайян кардани супоридани ҳаққи аъзогӣ дар шаҳодатномаи ҳизбӣ ва муқоисаи он бо ведомости пардохти ҳаққи узвият, тарзи нигоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ аз ҷониби масъулон ба мутасаддии ташкилоти ибтидоӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Рубрики
АМАЛИЁТИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ – ИФТИХОРИ МАН”
