Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар моҳи шарифи Рамазон ҷиҳати дастгирии қишрҳои эҳтиёҷманду осебпазири ҷомеа, ки яке аз ҳадафҳои хайрандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, амали хайру савобро роҳандозӣ намуд. Раиси Кумиҷроияи шаҳрӣ Муслимахон Ҷамолиён аз ҳолу аҳволи якчанд кӯдакони ятим, маъюбон ва барҷомондагон хабардор шуда, ба онҳо маводҳои хӯрока ва ёрии молиявӣ расонид.
Рубрики
АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
