Рубрики
Uncategorized

Андеша:Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар

Ватан  қимматтарин  тӯҳфаи  тақдир  барои  ҳар як инсон аст. Зеро  кас  маҳз дар  Ватани  худ  ба ҳама  орзую  омоли  худ мерасад. Вале  ёфт  мешаванд  як  зумра нохалафоне,  ки  оромии  Ватани  азизро  халалдор  месозанду  иғвоандозӣ мекунанд.

       Аз воқеаҳои нохуше, ки рӯзҳои охир дар шаҳри Хоруғ доир шуд, огоҳ гаштем  ва  тамоми амалҳои ҷинояткоронаро, ки ба амнияти Ватани азиз таҳдид мекунад, маҳкум мекунем. Аз ҷавонони саодатманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъват ба амал меорем, ки вазъияти ороми кишварро ноором насозанд,  зеро Бадахшон порае аз қалби Тоҷикистон аст, ки мо  ҳамагон  зодаи  ин сарзамини биҳиштосо  ҳастему   барои  сулҳу суботи  кишвари азиз мубориза  мебарем.

Аъзои  фаъоли  ҳизб дар  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *