Рубрики
Uncategorized

Андеша:Шукрона аз сарзамин

Ба сулҳи сарзамини тоҷикон шукрона бояд кард,
Зи бедорӣ аз ин хоби гарон шукрона бояд кард.
Паи ваҳдат бикӯшид он, ки меҳри Тоҷикистон дошт,
Зи фарзандони оқили замон шукрона бояд кард.

       Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миёни мардуми заҳматкаш ва ҳамдарди миллат буданд,  ба маснади давлат баромада, ба мардуми Тоҷикистон сулҳи бебозгашт ба даст оварданд. Қувваҳои мухолифи кишвар ба ҳам омада, аз ҷанги бемаънӣ тарафҳо билохира оғӯши бародарӣ ба рӯи ҳам боз намуданд. Бо вуҷуди ин, мавқеъҳо ҳанӯз ниҳоят дур ва ранҷишҳо басо зиёд буданд.

      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мақоми олии мамлакат нишастан, дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон таърихи 12 декабри соли 1992 зимни нахуст савганёдкунӣ таъкид карда буданд: “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам…”

      Марҳилаи муҳимтарин дар раванди сулҳ, гуфтушуниди байни тоҷикон аст, ки моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав сурат гирифта буд. Дар ин гуфтушунид нахустин Эъломияи муштарак оид ба оштии миллии устувор дар раванди сулҳи тоҷикон ба имзо расид.

       Ҷустуҷӯи роҳу усулҳои расидан ба сулҳу амонӣ барои тоҷикон зиёда аз се сол идома ёфта, дар ин мулоқотҳо ҳар тараф шартҳои манфиатноки худро пешниҳод менамуд . Билохира таърихи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав мулоқот баргузор гардид, ки бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” анҷом пазируфт. Пешвои муаззами миллат бори дигар ба ҳамватанон муроҷиат намуда таъкид доштанд, ки “Бо назардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *