Рубрики
Uncategorized

Андеша: Ағолиқова Гулмира аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и ноҳияи Деваштич

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони Тоҷикистонро ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф намуда, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълом карданд. Бо заҳмату ҷонфидоиҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, идеали зиндагии ҳар як ҷавони бонангу номус, Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизи мо рўз аз рўз чун ғунчаи навбар шукуфон шуда истодааст. Имрӯз ба ҳукми анъана даромадааст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба унвони «ҳизби пешбарандаи ҷомеа» ном мебаранд, зеро он бо нерӯи зеҳнии худ дар сафи пеши ҷомеа қарор дошта, ба мафкураи мардум таъсир мерасонад ва онҳоро ба корҳои созанда ҷалб менамоянд. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, ҷавононро ҳамчун ояндаи давлату миллат эътироф намуда, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббусҳои онҳоро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Бо мақсади ҷалби васеи ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ 27 июли соли 2011 Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таъсис дода шуд, ки он ба сифати заминаи асосии ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонони мамлакат, муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва харобкорона, ҷалби ҷавонон ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба таҳсили илм фаро гирифтани онҳо таъсис дда шудааст. Боиси ифтихор аст, ки аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”дар тамоми чорабиниҳои ноҳиявӣ фаъолона ширкат варзида, дар пешрафти ноҳия саҳми худро гузошта истодаанд, ки худ яке аз иштирокчиёни бевоситаи ин чорабиниҳо мебошам.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун гардонида принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд. Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, квотаҳо барои ҷавондухтарон ва ҷавонписарони деҳот,грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ва билохира эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад.Бояд қайд кард, ки 30 сол мешавад миллати сарбаланди тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкорона ва манзилу маъво, имрӯзу фардоямонро мунаввар месозад.Мо ҷавонон, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозем.Бигзор дар Тоҷикистони азизу маҳбубамон тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот ҷовидона бимонад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *