Рубрики
Асосӣ

АНДЕША: Бар дифои марзи худ омодаем!

Ба ҳамагон маълум аст, ки 22 июл бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар таҳти унвони “Марз-2021” гузаронида шуд. Онро санҷиши таърихӣ ҳам гуем, хато намекунем, зеро Роҳбарияти Олии мамлакат аз заҳмати беш аз 20-солаи худ барои таъсису таъмини артиши кишвар ва талошҳое, ки таи се даҳсола барои барқарори сулҳу субот дар кишвар талош мекунад, натиҷагирӣ намуданд.

Агар дақиқу равшан тафсир кунем, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоса Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз Қувваҳои мусаллаҳи кишварро имтиҳон намуданд, ки дар соли таъсисёбӣ дар хаймаҳову иншооти вайрона амал мекарданд ва бо гузашти замон, имрӯз дар биноҳои наву замонавӣ фаъолият мебаранд. Дар баробари ин, сатҳи зиндагии мардум нисбат ба 30 соли пеш хеле боло рафтаву хуб гардидааст, ба пойдории сулҳу субот, таъмини амният дар кишвар масъулият дида мешавад. Ин санҷиш собит сохт, ки дар баробари афсарону сарбозони шуҷои Ватан, афсарони эҳтиётӣ ва ҳатто пиру барнои кишвар дар зери сиёсати созандаи Сарвари давлат сарҷамъ буда, баҳри дифои ин марзу буми муқаддас ҳамеша омодаанд.

Як нуктаро ёдовар шудан бамаврид аст, ин санҷиши ҳолати омодабошӣ ба хотири мавқеъсозӣ ё худнамоӣ дар миёни дигар кишварҳо нест, балки танҳо ба хотири таъмини суботу оромӣ дар кишвар ва ҳимоия як порча замини биҳиштосо мебошад. Дар ҳамаи гушаю канори мамлакат дар канори мақомотҳои қудратӣ пиру барно низ ҷамъ омада, аз омодабошии худ барои дифои марзу буми кишвар новобаста ба вақту замон изҳори омодагӣ карданд.

Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро ҷашн мегиранд. Ин санаи муҳими таърихӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ пурарзиш аст, аммо ҳастанд нафароне, ки ба хотири хоҷагони худ пешравии мамлакатро дидан намехоҳанд. Аз ин маълум мешавад, ки имсол нисбат ба солҳои қаблӣ пурмасъули буда, аз ҳар як фарди тоҷик масъулияти баландро талаб мекунад.

Ин масъулиятро фарде эҳсос мекунад, ки дар дилаш меҳри Ватан ва давлат ҷой дошта бошад.

Дар ҳамоиши мудофиавии дирӯза дар баробари масъулин, пиру барнои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ гирди ҳам омаданд ва барои дифои марзу буми аҷдодӣ изҳори омодагӣ карданд. Санҷиши дирўза бори дигар якдлию ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳпарварию сулҳофарӣ, пойдорию суботу оромӣ ва хостори якпорчагии Ватанро собит кард. Ин амал бори дигар нишон дод, ки миллати тоҷик якдилу якмаром аст, дар пойдории сулҳу ваҳдат дар канори Сарвари худ устувор меистад.

Бар дифои марзи худ омодаем,

Бар баҳои ин Ватан ҷон додаем.

Мо натарсем аз адую фитнагар,

Ҳар замон ба ҳифзи он омодаем.

Саидвоҳид ҲОҶИЗОДА,

мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *