Рубрики
Uncategorized

Андеша: Ватандорӣ шараф аст!

Инак, зиёда аз якуним сол аст, ки ҷомеаи ҷаҳонро бемории сироятии коронавирус – COVID – 19 паҳн кардаасту характери пандемия, яъне фаромарзӣ намоён кардааст. Ҷидду ҷаҳди давлатдорон, олимону мутахассисони вогиршинос ва ғайра барабас нарафтаву тавассути андешидани тадбирҳои мухталиф, аз он ҷумла тарғиби чораҳои зиддиэпидемикӣ – пӯшидани ниқоби тиббӣ, дастпӯшакҳо, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ (тез – тез шустани дастҳо), безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, ихтирои ваксина ва дигар то ба андозае бемории зикрёфта ҷилавгирӣ карда шуда истодааст. Вале, афсӯс, ки то ҳол шумораи сироятёфтагон ба ин беморӣ рӯз то рӯз афзуда истодааст ва алҳол наздик ба 200 миллион нафар дар миқёси ҷаҳонро ташкил медиҳад. Теъдоди ҳалокшудагон бошад зиёда аз 4,3 миллион нафар буда барои оилаҳои сершумор мусибате овардааст. Аммо шукрона мекунем, ки дар натиҷаи заҳмату талошҳои давлатдорону пешоҳангони ҷомеа – табибону мутахассисони ҳозиқ зиёда аз 75 фоизи нафарони сироятёфта табобат гирифтаанд ва сиҳату саломат ба фаъолияти мунтазами меҳнатӣ пардохтаанд. Вале, имрӯзҳо дар олам мавҷи сеюми сироятёбӣ ба беморӣ оғоз ёфтаву олимони мавҷудияти зиёда аз 200 адад штаммҳои нави коронавируси COVID – 19 – ро муайян кардаанд, ки аксарияти онҳо тавассути мутатсия (табдилёбӣ) пайдо гаштаанд.

Хушбахтона, дар Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол бемории зикрёфта, гарчанде хурӯҷ карда бошад ҳам, бо заҳмату талошҳои хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар ва фидокории табибони ҳозиқ боиси оқибатҳои вазнин нагардид. Хусусан, давоми қариб 6 моҳ пайдо нагардидани беморӣ дар Тоҷикистон комёбии ҷомеа асту натиҷаи воқеии тадбирҳои саривақтӣ андешида мебошад. Аммо, имрӯзҳо хурӯҷи мавҷи нави ин бемории сироятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки асосан ба фориғболию бемасъулиятии баъзе аз шаҳрвандон алоқаманд аст.

Моҳҳои охир аксарияти мардуми кишвар бо ҳар сабабу баҳонаҳо аз риояи тадбирҳои пешгирӣ – пӯшидани ниқобу дастпӯшак, пошидани антисептикҳо, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва ғайра худдорӣ намуда ва алҳол теъдоди сироятёфтагон зиёд гашта истодааст.

Бинобар ин, аз ҳамаи сокинони кишвар боисрор даъват менамоям, ки нисбати саломатии худ ва наздиконашон масъулият ҳис намоянду ҳамаи тадбирҳои зиддипандемикиро риоя намоянд. Итминони комил дорам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи чораҳои заруриро ҷиҳати ҷилавгирии бемории сироятии коронавирус амалӣ менамояду дар муддатҳои кӯтоҳ сатҳи сироятёбӣ коҳиш меёбад. Танҳо аз моён масъулияти комили шаҳрвандӣ зарур асту бас!

М.С. Собиров –МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров”

аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *