Рубрики
Uncategorized

Андеша дар ҳошияи Паём

Паём – ҷамьбасти натиҷаҳои даврони   истиқлол  ва  нақшаҳо барои фардои нек

                                            Мурод Шукурзода,

                                    раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент,

                        узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

       “Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад

                                                  Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                                            ба Маҷлиси Олӣ.21.12.2021

         Бароям  мояи ифтихор буд шунидани Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар,ки санаи 21.12.2021  ироа гардид.

         Паёми навбатӣ дар мавриде ироа гардид,ки мо таҳти эҳсоси хуши таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштем ва аз ҷониби Пешвои миллат оид ба дастовардҳои  даврони соҳибистиклолӣ бо муҳаббат сухан гуфта шуд.

         Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, мо пеш аз ҳама тавонистем истиқлолияти сиёсии кишварро ҳифз намоем. Пешгирӣ намудани авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, кафолат додан ба таъмини сулҳу субот дар кишвар, ба Ватан баргардонидани зиёда аз 1 млн нафар гурезагон, расидан ба сулҳу ваҳдати комил, такмили сохтори давлатдорӣ ва таъмини зиндагонии шоистаи мардуми кишвар ҷавҳари Паёми навбатиро ташкил медод.

Пешвои миллат иброз доштанд,ки ман ҳануз соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гуфта будам,ки ман тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошам. Мақсади ман таъмини сулҳу оромӣ, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Бо ин мақсад мо аввалин шуда дар байни давлатҳои Осиёи Миёна ва дуюмин давлат дар ҳайати Иттиҳоди давлатҳои мустақил ислоҳоти конститутсионӣ гузаронидем. Акнун тибқи талаботи моддаи 100 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардидааст: ”Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ дунявӣ ва иҷтимоии  давлат тағйирнопазир аст.”

Ташкил гардидани парламенти касбӣ, таҷдиди вазоратҳо, қабулу тасдиқи рамзҳои давлатӣ низ яке аз вазифаҳои муҳим дар солҳои аввали истиқлолият ба ҳисоб мерафтанд.

Бо мақсади рушди иқтисод ва ғанӣ гардонидани  буҷети кишвар, давра ба давра баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар диққати ҷиддӣ дода шуд. Ба мавҷудияти  шаклҳо гуногуни моликият иҷозат  шуда, ислоҳоти пулӣ,тақсими 75 ҳазор га, замин ба аҳолӣ ҳамчун заминҳои хоҷагии ёрирасон ( заминҳои президентӣ),  рушди соҳибкории хурду миёна, ҷудо гардидани зиёда аз 138 ҳазор га, замин ба зиёда аз 1 млн 400 ҳазор  хоҷагии аҳолӣ,ки боиси беҳтар гардидани сатҳи зиндагони  аҳоли кишвар гардид, яке аз дастовардҳои беназири даврони истиқлолият буда, дар даврони Шуравӣ мардуми мо чунин дастгириҳоро орзу мекарданд.

Ҷомеа бе мушкилот намешавад. Кам нестанд инсонҳое, дар умри худ тасодуфан ё махсус ба камбудӣ роҳ дода, боиси суд гардиданашон мешавад. Бо мақсади тарбия, бахшиши гуноҳ, ғамхорӣ нисбати оилаи маҳкумшудагон дар солҳои истиқлолият 17 маротиба Қонуни авф аз ҷониби Пешвои миллат ба имзо расида дар маҷмуъ зиёда аз 170 ҳазор нафар ба озодӣ баромаданд.

Дар солҳои истиқлолият ба роҳ мондани се барномаи стратегӣ: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафҳои судманд буданд, ки дар арафаи амалишавӣ мебошанд. 

Дар айни замон Ватани азизи мо дар самти амалӣ намудани ҳадафи чаҳоруми стратегӣ – саноатикунонии мамлакат ҷидду ҷаҳд дорад. Зеро дар мавриде,ки соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқисодии кишвар рушд мекунанд, ташкил намудани коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷ, ҷалби бештари сармоя барои рушди соҳибкорӣ ва кам кардани воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ба кишвар ба миён меояд. Гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ ва рушди он дар ҳама соҳаҳо, дар панҷ соли оянда расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳадафҳои наздиктарини ҳукумати мо мебошад.

Пешвои миллат ба соҳибкорони кишвар барои саҳми арзанда дар ободонии диёр ба муносибати 30 солагии истиқлолияти кишвар, ба кишоварзон барои офариниши неъматҳои моддӣ, пешрафти соҳаи кишоварзӣ изҳори сипос намуданд. Давлати мо давлати саноатӣ-кишоварзӣ аст. Бинобар он бо мақсади омодагиҳои бештар ба таҷлили 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноил гардидан ба иқтисоди рушдёфта, вусъати корҳои ободонӣ ва созандагӣ солҳои 2022-2026- Солҳои рушди саноат дар кишвар эълон карда шуд.

Қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав, додани сабукиҳо ба соҳибкорон, кам гардидани намудҳои андоз ҳавасманд намудани навбатии соҳибкорон мебошад.

Дар Паёми имсола таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф бештар буд. Тавре Пешвои миллат иброз доштанд, ҷавҳари сиёсати роҳбари давлати моро аз солҳои аввали ба роҳбарӣ оғоз намудан рушди маориф ташкил медиҳад. Зеро агар пояи маориф устувор бошад мо тараққиёти минбаъдаи давлатро таъмин карда метавонем. Имрўз ба ҷомеаи мо кадрҳои босавод, ихтисосманд,ихтироъкор, навовар ва забондону соҳибтаҷриба хеле заруранд. Бинобар он вазифаи маориф, ҷомеа ва волидайн аз он иборат аст,ки дар замири фарзандон аз худ намудани илму дониши муосир ва навгониҳои ҷаҳониро тарбият намоянд. Ба онҳо шароити хуби камолотро ташкил кунанд. Ба маърифатнокии онҳо эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Имрўз сулҳу ваҳдат ва тинҷию амонӣ барои сокинони кишвари мо арзиши баланд дорад. Тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва содиқ ба ватан, қавӣ намудани нерўи мудофиавии мамлакат мақсади асосии Пешвои миллат аст. Бинобар он аз 1 январи соли 2022 зиёд гардидани музди маоши кормандони ин соҳа ба андозаи 25 фоиз боиси  рўҳбаландии онҳо мебошад.

Дар  Паём аз ғамхориҳои навбатии Пешвои миллат кормандони соҳаи дигари буҷетӣ низ баҳрвар гардиданд ва музди маоши онҳо аз 1 июли соли 2022   20 фоиз зиёд мегардад .Тавре зикр гардид, дар асоси чунин таваҷҷуҳ сатҳи камбизоатӣ дар мамлкатат аз 83 фоизи соли 1999 ба имрўз то 26,3 фоиз паст гардид. Аз ҳама асосӣ музди ҳаддӣ ақал ба 600 сомонӣ расонида шуд,ки барои доираи муайяни кормандон ва корфармоён дастгирии хуб аст.

Пешвои миллат дар Паём аз нақши занону бонувон ва ҷавонони кишвар дар ҷомеаи имрўза сухан ронданд. Ба таъкиди Пешвои миллат имрўз ҷомеаи мо ба кадрҳои болаёқат аз ҳисоби занону ҷавонон бештар ниёз дорад. Бинобар он барои панҷ соли оянда омода ва амалӣ гардидани Барномаи нави устувор намудани мавқеи занон дар ҷомеа дастур дода шуд. Пешвои миллат онҳоро ҳамчун шахсиятҳои бомасъулият, меҳрубон, устувор ва ояндадор баҳо дода, иброз доштанд, ки минбаъд низ ба ин табақаи ҷомеа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда мешавад.

 Пешвои муаззами миллат дар Паём аз масъулияти баланди ватандорӣ, дурандешӣ ва доштани боварии умедбахш ба фардои нек сухан гуфтанд. Дар Паём аз вазъи ноороми баъзе  кишварҳо, аз ыумла Аф-ғонистони ҳамсоя ёдоварӣ гардида, таъкид  шуд,ки  роҳи интихобкардаи  мо дуруст, ояндадор ва давлатсозу саодатофар аст.

Мо дар даврони 30-соли Истиқлол ба рушди устувори иқтисодӣ, такмили давлатдорӣ, ҷорӣ шудани волоияти қонун, пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ,  фарҳанг ва иҷтимоӣ, ки  сиёсати оқилонаю бунёдкоронаи Сарвари давлат мебошад, ноил гардидем.

Хушбахтона, давлати Тоҷикистон бо бисер  давлати ҷаҳон робитаи дипломатӣ ва ҳамкории иқтисодӣ дорад. Тоҷикистон садри якчанд созмонҳои умумиҷаҳонӣ ва байналхалқӣ аст. Нуфузи сиёсии он  сол аз сол меафзояд. Саҳми Сарвари давлати тоҷикон дар  ҳалли мушкилоти глобалӣ  низ хеле назаррас аст.

Дар Паём оид ба омода намудани  нақша-чорабиниҳои корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба муносибати  35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафт. Дар тӯли панҷ соли оянда корҳои ободонӣ ва созандагиро то дурдасттарин маҳалҳо бояд расонем.

Дар маҷмӯъ, Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои таъмини рушди минбаъдаи кишвар, ҳалли мушкилоти мавҷуда дар сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, барои шаҳрвандони мамлакат чун чароғи раҳнамо баҳри расидан ба соҳили мурод- бунёди давлати мутараққӣ, мутамаддин, ки барои сокинонаш шароити созгори кору зиндагӣ комилан фароҳам аст, хидмат мекунад. Барои ин дар  Ватани мо ҳама заминаҳо-нерӯи зеҳнӣ, мардуми таҳаммулпазиру шукргузор,фазои ором ва сулҳу субот мавҷуд аст.                              

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *