Рубрики
Uncategorized

Андеша: Ду боли Истиқлол

Муллоев Мулломухтор ҳамсоли Истиқлолият аст.  Ӯ хатмкардаи факултаи муносибатҳои  байналхалқии Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон мебошад. Дар маркази рушди компютерҳои пешрафтаи шаҳри Ноудаи Ҳиндустон аз такмили ихтисос гузаштааст.  Унвонҷӯйи Маркази тадқиқоти  стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муаллифи даҳҳо мақолаҳои  илмиву публисисти аст. Ӯ як ҷавони муваффақест, ки имрӯз мавқеи худро дар ҷомеа дарёфтаасту кӯшиш мекунад то ба дастовардҳои  беҳтарин ноил гардад.  Ҳоло ба ҳайси мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон  фаъолият дорад.

Чун ҷавони даврони соҳибистиқлол зери мафҳуми Истиқлолият чиро мефаҳмед?

Истиқлолият ин арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ ба азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд. Маҳз Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири  худро мустақилона интихоб  намояд ва ба дастовардҳои беназир комёб гарданд.  Боиси сарфарози аст, ки мо тоҷикон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар остонаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи миллӣ, 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад.

Аслан Истиқлолият ба шумо, ки ҳамсоли он ҳастед, чӣ дод?

Истиқлолият на ин, ки ба камина, балки барои тамоми ҷавонони кишвар беҳтарин имкониятҳоро барои ташаккулёбӣ ва муҳайё намудани  омилҳое, ки ба рушди зеҳниву ҷисмонии ҳар як  фарди кишвар замина мегузорад, фароҳам овард. Маҳз талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷавонони Тоҷикистон имрӯзҳо дар сатҳи байналмилалӣ ба беҳтарин дастовардҳо ноил гардиданд.

Ба фикри шумо ватандор бояд чӣ гуна шахс бошад?

Ватандор шахсест, ки Ватанашро сидқан бо каму косаш дӯст бидорад ва Ватан аз ӯ ифтихор кунад. Дар гузашта миёни мардум ақидае вуҷуд дошт, ки Ватандӯст будан ин ҷон супоридан дар роҳ ватан аст.  Албатта ин андеша дуруст аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки Ватандӯстӣ аз амалҳои хурдтарини ҳар як шахс метавонад маншаъ бигирад, аз ҷумла, доштани оилаи солим , мутахассиси касби худ будан ва дар ин замина ҳиссаи худро барои пешрафти кишвари худ гузоштан оғоз мегардад. ҳар лаҳза бо ғурур қоил мешавем, ки мо Ватандор ҳастем ва аз Ватани худ ифтихор дорем. Ифтихор намудан хуб аст, вале беҳтар он аст, ки Ватан аз мо, бо рафтору кирдор , дастоварду ташаббуҳо, созандагиву бунёдкориҳои мо ифтихор кунад.

Дурнамои Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехохед?

Таърихи куҳанбунёди тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоиест, ки дар тамаддуни халқи мо нақши тақдирсоз бозида, воқеаи сиёсии нисбатан муҳимтарине, ки дар даврони навини таърихи тоҷикон ба вуқӯъ пайваст, дастёбӣ ба истиқлолияти давлатӣ аст. Дар лурнамо, Тоҷикистонро ҳамчун давлати тараққикарда дар фазои сулҳу озодӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт дидан мехоҳам. Бигзор муттаҳидии халқи тоҷик чун қудрати бузурги созандаву бунёдкор дар давлати соҳибистиқлол абадан боқӣ бимонад.

Зулола Ибрагимова низ ҳамсинни Истиқлолият аст. Соли 2015 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали  ибни Синоро бо ихтисоси “Кори табобатӣ” хатм намудааст.  Ҳоло дар вазифаи сартабиби Беморхонаи  шаҳрии шаҳри Бӯстон   фаъолият бурда истодааст.  Вакили маҷлиси вакилони халқии шаҳри Бӯстон низ ҳаст.  Соли 2021 бо мукофоти сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” сарфароз  гардидааст.

Ба фикри шумо  Истиқлолият чист ва чӣ гуна ба даст омадааст?

Истиқлолият бузургтарин  ва азизтарин муқаддасоти миллат ба ҳисоб меравад. Нишонаи устовориву асолати миллат  ва дастоварди худододист. Маҳз ҷасорат, зиракии сиёсӣ ва ташаббусу далерии Пешвои муаззами миллат буд, ки мо тоҷикон соҳиби истиқлолият шудем. Бешубҳа мо насли хушбахтем, ки дар давлати соҳибистиқлол, озоду обод умр ба сар мебарем. Махсус мо ҷавононе, ки бо Истиқлолият ҳамқадам мебошем.

Оё имрӯз ҷавонон дар соҳаи тиб мавқеи худро дарёфта истодаанд?

Албатта имрӯз бо дастгирии Пешвои миллат ҷавонон дар ҳама самту сохтор  ва ҳатто дар зинаҳои роҳбари мақоми худро ёфтаанд ва муваффақ низ мебошанд. Дар соҳаи тиб низ ҷавонон имрӯз мавқеъи худро ёфтаанд.  Дар ҳама мулоқотҳояшон Пешвои миллат  таъкид мекунанд, ки мо ба мутахассисҳои ҷавон ниёз дорем.

Назару ақидаи Шуморо нисбати завқ ва шавқи ҷавонон фаҳмидан мехоҳам. Чаро аксарият ихтисосҳои ҳуқуқшиносиву тиббиро пеша мекунанд?

Зеро соҳаҳои ҳукуқшиносиву тибби яке аз соҳаҳои муҳим мебошанд.  Интихоби касб аз завқи худи инсон вобаста аст. Масалан ман аз хурдӣ орзуи табиб шуданро дар дил мепарваридам ва хушбахтам, ки дар ин самт кору фаъолият бурда истодаам. Аммо бояд қайд кунам, ки солҳои охир падару модарон маҷбуран фарзандонашонро табиб кардан мехоҳанд.  Агар мо ҷавонон мустақилона аз рӯи шавқу завқи худ касб интихоб намоем, фикр мекунам мутахасиси касби хеш мегардем.

 Дурнамои Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳед?

Мехоҳам Тоҷикистони соҳибистилоли мо дар ҳама самтҳо муваффақ бошад. Имрӯз мо ҷавононро месазад, шукронаи ин ҳама давлати тинҷу ором кунем. Нагузорем, ки ягон қувваи бегона тафаккури сиёсии моро дигар кунад.

Сӯҳбаторо рӯзноманигори “Сухани халқ”

                                                 Мадинахон Зоидова

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *