Рубрики
Асосӣ Мақола

АНДЕША: Истиқлолият дастоварди бузурги миллати тоҷик

АШТ: Яке аз руйдодҳои  муҳим дар тӯли соҳибистиқлолӣ ин ба ҳам омадану ба ҳам пайвастани миллати тоҷик аст. Зеро халқи тоҷик боз аз нав соҳиби тахту тоҷ, давлат, суруди миллӣ, нишон, парчам ва дигар муқаддасоти Ватан гардид, ки ин неъматҳои бузург маҳз тавассути сиёсати оқилонаву одилона, ҳадафҳои раиятпарварона ва бо ҷидду ҷаҳд, талошу ташаббусҳои созандаву бунёдкори марди хираду шуҷои Ватан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Истиқлол ба мардуми мо, пеш аз ҳама, неъмати бузурги ҳаёт озодиро эҳдо намуд. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати моро шиносад. Моро водор намуд, ки барои имрӯзу ояндаи худ тасмим гирифта, масъулият эҳсос намоем. Аз ҳама муҳим, истиқлол чашми мардумро боз кард ва имкониятҳои бузургро барои миллат кушод.

Сулҳи деринтизор дар кишвар танинандоз ва  Парчами давлатии  Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон  парафшон гардид, Тоҷикистонро беш аз 150 давлати ҷаҳон шинохт. Бунёду азнавсозии корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ, эъмори иншоотҳои бузург, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ гулгашту хиёбонҳо ва дигар иншоотҳои маишиву фарҳангӣ  қомат  афрохта, ба диёри кӯҳанбунёди тоҷикон ҳусуну таровати нотакрорро зам намуд, ки ин ҳама дастоварди бузург маҳз самараи даврони истиқлолият мебошад.              

Албатта, қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз мо ҳама мардуми тоҷик аз хурд то бузург аз обу ҳавои диёр нафас мекашему, ба созандагиву бунёдкориҳои гӯшаву канори ватан назар меафканему меболем, ифтихор аз он менамоем, ки тоҷик ҳастему, дар фазои тинҷиву оромии кишвар  зиндагии осударо паси сар менамоем.

Ва имрӯз вазифаи ҳар яки мо аз таҳкими сулҳу ваҳдат , хизмати содиқона ба халқ, саҳм гузоштан дар ободиву шукуфоии сарзамин, беш аз пеш боло бардоштани сатҳи зиндагии мардум, пойдориву устувории ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол иборат мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳимояи манфиатҳои миллии давлат вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *