Амалҳои ҷиноятии як гуруҳ афроди кутоҳандеш ҳар як нафар мардуми кишварро бетараф гузошта наметавонад.
Мо-кулли занони соҳибхиради Конибодом , ба мардуми шарифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муроҷиат намуда, иброз медорем, ки ҳаргиз руҳафтодаву шикастадил набошанд.
Модарони Бадахшонӣ ба хубӣ дарк кардаанд, ки сулҳ, субот, ваҳдат, Истиқлолият, якдигарфаҳмӣ ва оромиву субот дар кишвар ба осонӣ ба даст наомадаву баҳри сулҳи пойдор кулли мардуми тоҷик хоса баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ наздиктаринҳои худро аз даст додаанд. Дигар ҳаргиз бояд чунин набошаду нахоҳад буд, зеро ҷанг ин парокандагиву бесарусомонӣ, ғаму кулфат ва азобу уқубатро ба миён меорад.
Рисолати модар ба камол расонидани фарзанд ва дуои нек намудану тарбияи хуб додан аст.
Мо, модарони ин марзу бум аз он шукргузорӣ мекунем, ки имрӯз бо шарофати тантанаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар ҷавонони тамоми шаҳру навоҳии мамлакат дар сафи артиши миллӣ дӯстона ва чун фарзандони як оила хидмати Модар-Ватанро сарбаландона адо менамоянд. Ҳамасола шумораи зиёди ҷавонони вилояти Суғд дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ дар вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон хидмат мекунанд ва дустиву бародарӣ байни онҳо ҳукмфармост.
Мо боварии комил дорем, ки халқи Бадахшон ҳаргиз ба дасисаҳои гуруҳҳои кутоҳандеш дигар бовар нахоҳад кард, чун имрӯз аллакай “мӯйро аз хамир ҷудо” карда метавонанд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб мо-модарон ба ҷавонони ин вилоят муроҷиат менамоем, ки дар ин фурсатҳои ҳассос ҳушёрии сиёсӣ ва зиракиро аз даст надода, баръакс барои барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят якдилона ташаббус зоҳир намоед. Шумо, ҷавонони ватандӯсти вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар ин рӯзҳои барои ҳамаи мо ҳассос ҳамчун гурӯҳҳои ватандӯсту ватанпарвар дар таслими гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ҳамагӣ сабабгори чунин нооромиҳо дар минтақа гардиданд, саҳми назарраси хешро гузошта, оини ватандӯстӣ ва ватандории хешро дар назди халқу Ватани азиз собит намоед.
Дар ин ҷода ба Шумо ҷавонон ва кулли мардуми Бадахшон сарбаландиву осмони соф ва нурпошии ҷовидонаи истиқлолу озодиро талабгорем!
Бо умеди оромии марзу бум–як гуруҳ занону бонувони ҳизбии шаҳри Конибодом