Рубрики
Асосӣ Мақола

Андеша перомуни филми “Шикасти фитна”

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ ,Президенти кишвар дар яке аз баромадҳои худ қайд намудаанд, ки : “Занону модарони тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамеша чароғи пурфурӯғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят буданд”.

   Оре, зан – модар чашмаи иноят буд, ҳаст ва хоҳад монд. Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем. Маҳз бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа тараққӣ кардаро орзу намоем. Нақш ва мақоми зан дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург аст. Вале афсӯс, сад афсӯс, ки дар радифи занҳои барӯманду ҷонфидои миллат занҳое ҳастанд, ки ба номи зан – модар иснод меоранд. Пас аз тамошои филми “Шикасти фитна” нафрат нисбати Мамадшоева Улфатхоним мегӯем, ки  номи зани тоҷикро сиёҳ кард. Зани беимону бевиҷдон.  Сабабгори марги чандин фарзанди тоҷик шуд. Аз гуфтаи худаш аз кардааш пушаймон аст, аммо магар пушаймонӣ суд дорад? Магар гуноҳаш бахшиданист? – Ҳеҷ гоҳ не ! Ба ҷойи он ки шукрона аз сулҳу оромӣ намуда, хушу хурсандона зиндагӣ карда, барои ободии Ватан саҳмгузорӣ кунад, сабабгори нооромӣ дар кишвар гардид. Хиёнаткори бевиҷдон!

М.Солиева – мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *