Рубрики
Uncategorized

АНДЕША: Соҳибқирони шоирон Устод Рӯдакӣ

Имрӯз дар саросари кишварамон, муассисаҳои олию миёна “Рӯзи Рӯдакӣ”-ро бо тантана таҷлил карда истодаанд. Ашъоре, ки тайи ҳазор сол асолати худро гум накарда, чун зевари тамаддуни башарият вирди забони мардуми тоҷику форсизабонон аст. Ба қавли худи Устод: Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ. Дар ҳақиқат, осори гаронбаҳои Одамушшуаро пур аз ганҷинаи ҳикмат аст. Дар абёти баршумори боқимонда шоир одамонро ба хоксорию фурӯтанӣ, ҳилму меҳрубонӣ даъват менамояд, зеро хашми хешро ошкор кардану теғи забонро бо бадгӯӣ ба кор бурдан ба сари инсон нохушиҳо меорад: Замона гуфт маро:-хашми хеш дор нигоҳ, Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст. Инчунин шоир зӯроварӣ, тазаллум ва хушунатро амали ғайриинсонӣ мешуморад ва мегӯяд, ки касе зулм кард, ӯ ба ҷазои сахттарин гирифтор хоҳад шуд: Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт, Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт… Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт! Одамушшуаро мардумро бар он даъват менамояд, ки аз қайди ҷаҳолат берун оянд, рӯй ба андӯхтани илму дониш ва фарҳанг ниҳанд. Рӯдакӣ донишро чароғи дил меномаду ҷавшани тан. Зеро роҳи ягонаи рушди ҷомеа тарбияи насли бофарҳангу донишманд аст: Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ! Ҳамчунин инсонро ба некукирдории беминнат водор намуда, қавли “некӣ куну ба дарё андоз”-и мардумро бори дигар тасдиқу тарғиб менамояд: Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад, На бад он чашм, к-андар ӯ нигарӣ. Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ Киштие соз то бад-он гузарӣ. Устод таъкид месозад, ки агар инсон дар зиндагӣ ба чаҳор чиз муваффақ шавад аз ғам озоду бофароғат умр ба сар хоҳад бурд: Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад, Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад. Мо мардуми тоҷик натанҳо дар рӯзи ҷашни “Рӯзи Рӯдакӣ”, балки мунтазам ашъори соҳибқирони шоиронро шиори зиндагии хеш гардонида, насли насли наврасро низ бо ғояҳои миллию аҳамияти тарбиядоштаи осори классикон тарбия намоем.

Султонова Гулбаҳор

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *