Тули чанд моҳи охир вазъияти Афғонистон, ки давлати ба мо дӯсту ҳамсоя аст, дар ҳолати даҳшатнок қарор дорад. Боз мардуми афғон ба як шикасти вазнине бархӯрд, боз ба онҳо хиёнат карданд, боз ашку хуни мардуми афғон саршор шуд. Чӣ гуна метавон бепарво будан дар ҳоле, ки ба сари мардуми ба мо ҳамдину бародар ин қадар машаққату ваҳшониятҳо пайи ҳам меояд. Аз он соле, ки худро дар ёд дорам Афғонистон майдони ҷангу муҳориба аст. Муҷоҳидон, толибон, ДИИЛ (ИГИЛ) ва боз толибон. Ҳамаи онҳо мехостанд аз Афғонистон давлати Исломӣ бисозанд, дар ҳоле, ки худ давлати исломӣ ҳаст. Мардуми он ҳамасар мусулмонанд. Бемуҳобот ҳама даъвои онҳо дуруғу сафсата, танҳо баҳона барои ба даст овардани давлату савлат. Агар толибон баъди ба ихтиёр гирифтани қисми зиёди Афғонистон таҳдиди нест кардани мактабҳову китобҳо буданд, чанд таълимгоҳҳоро кафонданду оташ заданд, занону духтаронро бо ваҳшоният ба қатл расониданд. Лек чаро озмоишгоҳҳои истеҳсоли анвои нашъаро насузондаанду нест накардаанд? Чаро ҳамдини худро – мусалмони худро куштанд, хуни ноҳақ рехтанд? Магар аз рӯи ислом дуруст аст, ки мусалмон хуни мусалмон резад, модарону хоҳаронро қатл кунад, илму донишро макрӯҳ гӯяд? Албатта нодуруст аст! Иштибоҳ аст! Давлати исломии месохтаи онҳо дурӯғ аст!
Ниятҳои аслии худро зери давлати исломӣ паноҳ медорад. Пулу молу сарват мехоҳанд. Болои дигарон ҳукмфармо будан мехоҳанд. Ва яроқу аслиҳа, нашъаҷалобӣ ин аст ба роҳи расидан ба мақсадҳои нопоки худ.
Боз оне, ки қасам хӯрд, нафъи халқи худро аз нафъи худ боло медонад, боварии мардуми афғонро поймол карду худ фирор кард. Ҳаққӣ мардумро дуздид. Он хуне, ки рехта истодааст дар гардани ӯ ва ҳаммаслакони ӯст, моликияти давлату мардумро ба яғмо бурданду, фирор карданд. Президенти Ҷумҳурии Афғонистон бо роҳбарони ба худ наздик ба мардумонаш хиёнат кард. Дар ин чанд соле, ки каму беш дар Афғонистон оромӣ буд, ӯ метавонист давлатро рӯ ба тараққӣ овараду гурӯҳҳои қавмии ба якдигар мухолифро ба ҳам оварад, лоақал кушиш намояд, ки барои беҳбудӣ ва нафъи халқ хизмат намояд. Чанде аз коршиносон бар ақидаи онанд, ки он сиёсатеро Ашраф Ғанӣ пешгирифта буд, ба ҳамин ҳолат оварда расонд ва ин ақидаҳо тасдиқи худро низ дарёфт.
Ин ҳолатро мушоҳида мекунаму шукрона аз он мегӯям, ки бар тақдири халқи тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будааст. Халқи тоҷикро аз чоҳи даҳшату ҷангу хунрезиҳо, парокандагиву парешонҳолӣ, гуруснагиву бурҳони вазнини иқтисодӣ раҳо кард.
Бори дигар шукрона, садҳо бори дигар шукрона мекунам. Шукронаи ин сарзамин! Шукронаи Пешвои муаззами миллат!
Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон.