Рубрики
Uncategorized

Андеша: Ҷавонон ва истиқлоли давлатӣ

(Чанд андеша доир ба нақши ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдату ягонагӣ)

Инсон ҷасорат ва садоқатро дар майдони ҷанг, сатҳи донишро дар майдони илм собит менамояд. Мо, ҷавонон, бояд дар раванди мураккаби ҷаҳонишавӣ ва пайдо гардидани ҳар гуна ҳаракатҳои ифротӣ таъкидҳои Сарвари давлатро мунтазам пайгирӣ намоем ва нагузорем, ки душманон кохи ваҳдати миллии моро халалдор намоянд. Таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки:-бояд ҷавонон, воқеан, дар амал собит намоянд, ки масъулият ва талошҳои пайвастаи онҳо барои имрўз ва фардои дурахшон давлату миллат аст; Ин маънои онро дорад, ки ҷавононро мебояд фаъолияти худро дар ҳамаи самтҳо пурзўр намоянд, ҳар амалеро, ки анҷом медиҳанд барои рушди устувори иқтисоди кишвар замина гузорад ва дорои аҳамияти бузург барои ояндаи давлат бошад.-баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ ва илман мубориза бибаранд;Ҳар як миллат дорои фарҳангу маданияти хоси худ мебошад ва вазифаи аввалиндараҷаи онҳо пеш аз ҳама гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Онҳое, ки ба фарҳанги худ эҳтиром намегузоранд, оқибат фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаркатҳои бегона мегарданд. Ҳамзамон, дар назди наслҳои имрўза ва оянда мавқеи худро аз даст медиҳанд. Баръакс онҳое, ки фарҳанги миллиро асоси зиндагӣ ва фаъолияти илмии худ медонанд, бо гузашти вақт қадру қиматашон дар назди давлат баланд мешавад. – нишон додани меҳнати софдилона баҳри ифтихори миллат дар замони имрўза ва оянда; Воқеан, меҳнати ҳалол ва софдилона боиси пешрафти ҷомеа мегардад ва марҳила ба марҳила имкониятҳои нави инкишофро дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба миён меоварад. Натиҷаи ин раванд сабаби пешрафти давлат ва шинохти шахсиятҳои бузург дар симои миллат хоҳад гашт. Аз ин лиҳоз, дар замони муосир зиёд гардидани сафи ҷавонон бонангу номус тақозои давр буда, ба болоравии обрўи миллат такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳастанд ҷавононе, ки имрўз Парчами давлатии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоштаанд. Бахусус, Дилшод Назаров, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳи Устопириён, Мавзуна Чориева, Кристина Проженко ва даҳҳо нафари дигар дар олимпиадаҳои гуногун давлату миллати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ кардаанд. Сафи чунин ҷавонмардон ва бонувон, воқеан, хело зиёд шудан дорад. На танҳо дар соҳаи варзиш, балки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму технология сол аз сол пеш рафта истодааст.-тарғиби ғояҳои ваҳдати миллӣ.Ваҳдат, ки асоси ягонагӣ ва ҳамдилии мардум мебошад, барои пойдории ҳар як давлат дар низоми давлатдорӣ нақши калидиро иҷро менамояд. Оромӣ равандест, ки заминаҳои рушди бомароми соҳаҳоро ба вуҷуд меоварад ва дар симои давлат ва миллат ба ҷаҳониён фарҳанги баланди ваҳдатдустӣ ва ватандўстиро тараннум менамояд. Саҳми ҷавонон дар таҳкими сулҳу суббот дар кишвар хело бузург буда, имрўзҳо ҳазорҳо ҷавонмардон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи марзу буми давлат, сулҳу субот ва оромии сартосарии кишвар содиқона хидмати ҳарбӣ намуда истодаанд. Мо, ҷавонон, бояд ба хотири пойдории ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатамон дар байни ҷомеа барои дарки аҳамияти таърихии сулҳу субот ва оромӣ корҳои тарғиботиро хуб ба роҳ монем ва тариқи расонаҳои давлатӣ маводҳои заруриро омода ва нашр намоем, то дар фазои иттиллооти кишвар таъсири ғояҳои ваҳдат ба афкори ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон таъсири мусбӣ расонад.Пайрави ба Пешвои миллат ва бархурдор гардидан аз мактаби беназирашон дар масири худшиносиву худогоҳӣ, ватадўстиву хештаншиносӣ ва дурандешиву ботадбирӣ ба мо, ҷавонон, имкон медиҳад, ки дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ дорои мавқеи шоиста бошем ва ғурури миллиамонро баланд бардошта, дар ҳама ҳолат ба фишорҳои ғаразноки нерўҳои ифротгаро ҷавобан боадолатона муносибат намоем ва ватан, миллат ва фарҳанги миллиамонро гиромӣ ва ҳифз дорем. Борбад БАҲРОМЗОДА- аъзои ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *