Тавре ки огаҳӣ дорем,17-18 майи соли равон, як гурӯҳи ҷинояткорон дар Рӯшон, ки бо террористони наҳзатӣ пайвастаанд, шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ- Қулмаро баста, ба ҳаракати нақлиёт монегӣ эҷод намудаанд.Сабабгори тамоми бадбахтиҳо Алим Шерзамонов гардид, ки ӯ аз ҷониби хоҷагони зархариди хориҷӣ ин тарҳро рӯи кор овардааст. Зеро дар асоси маслиҳати пешакӣ бо ҷинояткорон Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Холбаш Холбашев ва ҳимоятгари ба ном ҳуқуқи инсон Улфатхонум Мамадшоева бетартибиҳои оммавиро дар Хоруғ ва Рӯшон ташкил намуданд.
Дар филми “Шикасти фитна”, ки тариқи ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш дода шуд, пай бурдем, ки ҳар яки ин нафарон вазифаҳои махсуси худро доштанд ва бар ивази манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ хиёнаткорона амал намуданд. Ин ҳодиса аз хориҷи кишвар роҳбарӣ ва назорат мешуд. Мақсади асосии онҳо ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, теша задан ба решаҳои Ваҳдати миллӣ ва халалдор сохтани суботи сиёсӣ дар кишвар буд.
Албатта, имрӯз Тоҷикистон барои ҳамаи мо азиз, ҳамон қудрате дорад, ки ба ҳар гурӯҳу созмоне, ки қасди душманона дорад, посухи сазовор диҳад.
Баъди таъсиррасонии ҷомеа ва ба эътидол омадани вазъият 22- май миёни чанд нафар ҷинояткорон муноқиша сурат гирифта, дар натиҷаи задухӯрди байни ҳамдигарӣ яке аз онҳо бо исми Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров аз маҳалли Бархоруғ кушта мешавад ва Холбаш Холбашеву Улфатхонум Мамадшоева ба мақомотҳои қудратӣ таслим мешаванд.
Шоири тоҷик Сайидо беҳуда нагуфтааст:
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.
Аз мардуми Бадахшон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки минбаъд набояд ба чунин ҳодисаҳо тамошобин бошанд. Мардуми бофарҳанги Бадахшони зархез барои манфиати миллату давлати худ вазифадоранд, ки пеши роҳи чунин ҳодисаҳоро бигиранд. Нагузоранд, ки дар замоне, ки барои ҷавонон- насли имрӯз тамоми шароитҳои мусоиди таълим, касбомӯзӣ ва фароғату истироҳат муҳайё карда шудааст, онҳо ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳамроҳ шаванд ва ба номи падару модар, давлату миллат иснод биёранд.
Шукронаи шарофати ақлу хирад ва азму иродаи азалии халқамон, бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем аз ин вартаи ҳалокатбор халосӣ ёбем, зеро доираҳои муайяни манфиатҷӯ он замон бо истифода аз эътиқоду дин ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ мардумро мубталои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дода буданд.
Дини мубини исломро истифода намуда, онро дигаргун маънидод мекарданд, ҳол он ки ба гуфтаи бузургон: “Беҳтарин мӯъминҳо аз ҷиҳати ислом касе ҳаст, ки дигарон аз дасту забони ӯ саломат бошанд. Беҳтарин мӯъминон аз ҷиҳати имон касе ҳаст, ки хулқаш накӯ бошад . Беҳтарин муҳоҷир касе ҳаст, ки он чӣ манъ кардаанд, аз он дурӣ ҷӯяд”.
Дар воқеъ, дини мубини ислом тарбияткунандаи инсони комил мебошад, онро дуруст дарк намуд.
Наҷмиддин Бобоҷонзода- сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Деваштич, аъзои фаъоли ҳизбӣ.