Сокинони бар асари муноқишаи марзӣ зарардидаи деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара бо гузашти ду моҳ соҳиби хонаҳои барҳавою замонавӣ гардиданд. Рӯзи гузашта калиди хонаҳои навбунёдро дар вазъияти тантанавӣ Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳибонаш супорид. Дар маросими супоридани манзилҳо Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон низ ширкат варзида ба хонадони зарардидаи деҳаи Сомониён калиди хонаи навсохташударо аз ҷониби кумиҷроияи вилоятӣ супорид. Маврид ба қайд аст, ки бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муназзами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагон ба ҷузъ аз бунёди манзил, ҳамчунин ҷиҳози рӯзгор аз қабили яхдон, дастгоҳи ҷомашуйӣ, тафтдон, телевизор, курпаву болишт, қолин ва маводи хӯрока тақдим карда шуд.
Рубрики