Рубрики
Last News

Артиши миллӣ – такягоҳи боэътимоди давлат ва миллат

Дар ташкилоти ибтидоии шаҳраки Ғафуров соати сиёсӣ дар мавзӯи “Артиши миллӣ – такягоҳи боэътимоди давлат ва миллат” бо  аъзоёни фаъоли  ҳизб гузаронида шуд.  Дар ин соати сиёсӣ намояндаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Азимова О. баромад намуда қайд кард, ки хизмат ба Ватан ин ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву ҷасорат аст. Чунин мафҳумро бархе аз ҷавонони далеру ҷасур ва ватанппарасту хештаншинос дарк намуда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар софдилона хизмат мекунанд. Имрӯз, ки дар  Тоҷикистон оромӣ пойдор асту шароити хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хуб аст, барои саркашӣ аз хидмат баҳонае мавҷуд  буда наметавонад.  Хидмат ба Ватан –Модар рисолати фарзандӣ  ва қарзи шаҳрвандӣ мебошад.                                   

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *