Рубрики
Last News

Артиш бақои давлат аст

Чорабинии идонаи хонандагони МТМУ №6-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба 28-солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як дараҷаи баланди ҳисси ватандӯстӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хонандагон саҳначаҳои гуногун, рақсу бозӣ, қироати шеърҳо дар васфи Ватан – Модар ва ғайраро намоиш дода, тамошобинонро шод гардониданд. Дар чорабинӣ омӯзгорон, падару модарон, ҳарбиён ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия ҳузур доштанд. Дар охир ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ «Сипоснома»-ҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *