Моҳи шарифи Рамазон ҳамон тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён медоранд, моҳи хайру эҳсон, моҳи арҷгузорӣ ба заҳмати собиқадорони меҳнат моҳи асолату шафқат маҳсуб меёбад. Дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат дар ин моҳи муборак муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ба хабаргирии собиқадорони меҳнат Неъматҷонова Санавбар ва Турдибоева Роҳат рафтанд. Ин нафарон солҳои зиёд дар соири хоҷагии халқи кишвар софдилона меҳнат намуда, имрӯз давлатӣ пирӣ меронанд. Зимни сӯҳбати гарму самимӣ сухан аз раиятпарварии Пешвои муаззами миллат ва таваҷҷӯҳи доимиашон ба насли калонсол, нафарони барҷомонда, шахсони имконияташон маҳдуд, ятиму бепарастор рафт.Санавбар Раҳматҷонова, ки солҳои сол дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурда, имрӯз бознишаста аст, миннатдори самимии хешро ба Сарвари давлат, роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон расонида, таъкид дошт, ки минбаъд низ дар тарғибу ташвиқи ғояҳои давлатдории тоҷикон аз тамоми нерӯ ва имконият истифода мебарад.
Рубрики