Рубрики
Last News

АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ ШОЁНИ ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ ВАТАН

Дар остонаи таҷлили солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар ба аёдати собиқадорони меҳнат, нафароне, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши муассир бозидаанд, рафтанд. Зимни суҳбат бо Аъзам Қосимов, ки солҳои зиёд ба ҳайси сардори комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ифои вазифа кардааст зикр шуд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хизматҳои шоёни фарзандони содиқи Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунад, балки таҷрибаю малакаи андӯхтаи онҳоро ба нафъи соҳаҳо истифода мебарад. Ҳамингуна суҳбати гарму самимӣ бо собиқ корманди комиссариати ҳарбии вилоят Назарзода Бадал, сарвари вақти Ҷамъияти матлуботии вилоят Ёқубҷон Эгамбердиев, собиқ корманди Кумитаи иттифоқҳои касабаи вилоят Юсуф Ҷумъаев   анҷом дода шуд.

Номбурдагон бо изҳори қаноатмандӣ ва шукрона аз тинҷиву ободии кишвар дар ҳаққи Сарвари давлат суханҳои меҳрбор гуфта, қайд намуданд, ки бо вуҷуди бознишаста буданд, гули сари сабади аҳли ҷомеа маҳсуб меёбанд. Зеро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ пайваста аз ҳолу аҳволашон мепурсанд ва ба маъракаҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ даъват мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *