Рубрики
Uncategorized

АШТ:Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ

Санаи 27-уми июли соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди  Ҷамоати деҳоти Ифтихор бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.

Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур шунида шуд.Вобаста ба масъалаи дуюми рузнома ба ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Ҷамоати деҳоти Ифтихор аз сари нав раиси ташкилот интихоб карда шуд.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода фаъолияти ташкилоти ибтидоиро дар давраи шашмоҳаи аввали соли 2021 дар самти иҷроиши ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб хуб арзёбӣ намуда, инчунин доир ба рафти иҷроиши  обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”, рафти қабули босифат ба сафи ҲХДТ ва дигар ҳуҷҷатгузориҳои ҳизбӣ суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, қайд кард, ки дар назди ҳизбиён масъулияти бузург – истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳар як узви ҳизбро зарур аст, ки ин ҷашни бузурги миллиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *