Рубрики
Uncategorized

АШТ:Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ

   Идомаи маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Ҷамоати деҳоти Понғоз бо иштироки кормандон ва аъзоёни ҲХДТ баргузор гардид.

 Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Ашт Хушнуд Каримзода, раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мадаминова Мӯътабар ва раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Ҷамоати деҳоти Понғоз Турсунзода Бахтиёр  иштирок доштанд.

Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Турсунзода Бахтиёр оид ба фаъолияти кории ташкилотии ибтидоии ҳизбӣ ҳисобот дод.

Сипас,  масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидои муҳокима гардида, раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз аз сари нав бо ҷонибдории аъзоёни ҲХДТ Турсунзода Бахтиёр  раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳизбӣ дар назди Ҷамоати деҳоти Понғоз интихоб гардид.

         Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Хушнуд Каримзода  ба раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар иҷрои вазифаи пурмасъул муваффақият хост. Инчунин дар ҷараёни ҷаласа дигар масъалаҳо аз ҷумла рафти амалиёти  «Шаҳодатномаи ман-ифтихори ман» , қабул ба сафи ҳизб, супоридани аъзоҳаққӣ, оиди саривақтии иҷроиши “Обуна – 2022” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”  ва ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ мавриди муҳокима қарор гирифта шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *