Рубрики
Асосӣ

АШТ: Аксияи умумивилоятии Рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони “Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем” дар ноҳияи Ашт

Дар асоси барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 12.10.2021 таҳти №85 ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо иштироки сарбозону афсарон ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” аксия таҳти унвони “Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем”ба муносибати маъракаи тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва вохӯрии ҷавонону наврасони ноҳия ҷиҳати ошнои ба вазъи хизмат, шароитҳои хизмати ҳарбӣ дар қисми низомии 14356 “Б” ва чорабинии тантанавӣ дар қисми ҳарбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, иштирок ва суханронӣ намуда, қайд намуд, ки шурӯъ аз моҳи октябри соли равон дар тамоми ҷумҳурӣ маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонони синни даъват ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардида, ҷавонони далеру шуҷоъ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида истодаанд. Боиси қайд аст, ки сол то сол сафи ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзудаст. Ин шаҳодати онро дорад, ки ҷавонони мо нисбати солҳои пеш фаъолу зирак ва ватандӯсту хештаншинос буда, дар ҳифзи марзу буми кишвари азизи хеш содиқу устувор ҳастанд.

Инчунин, ба қисми низомӣ туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт аз лиҳози китобҳои бадеӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ва барои гузоронидани чорабиниҳои варзишӣ туб ва шашка тақдим карда шуд.

Дар фарҷом ҷавонону наврасон ба шароити хизмат ва буду боши хизматчиёни ҳарбии қисми низомии мазкур шинос шуда, бо сарбозону афсарони қисми низомӣ ба ҷои хоб, хӯрду хӯрок ва аслиҳаҳои техники ҳарбӣ шинос шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *