Рубрики
Асосӣ

АШТ: Аксия таҳти унвони “Роҳ ба сӯи дониш”

Санаи 26-уми августи соли 2022 дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷиҳати иҷроиши барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 15.08.2022 сол таҳти №50 бо мақсади дастгирии моддию маънавии фарзандони оилаҳои ниёзманд, ятимони кулл ва дигар муҳтоҷон дар арафаи соли хониши 2022-2023 аксияи «Роҳ ба сӯи дониш» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода баргузор гардид. Дар рафти аксия ба 10-нафар толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки имкониятҳои маҳдуди молиявӣ доранд аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва соҳибкори маҳалли Муминҷонова Н.О.  сару либоси ягонаи мактабӣ ва дигар лавозимоти мактабӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *