Рубрики
Асосӣ

АШТ: Аксия таҳти унвони “садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан!”

Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аксия таҳти унвони “Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан!” бо иштироки кормандон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор карда шуд.

Чорабиниро раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ашт М.Мадаминова дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҳусни оғоз бахшида, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва кулли мардуми ноҳияро ба Рӯзи Президент табрик намуда, ҳамзамон қайд карда шуд, ки “Рўзи Президент”, ки ҳамасола 16 ноябр дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки ин иқдоми некест, барои арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз Тоҷикистони азиз, Истиқлолияти пойдор ва қадршиносӣ аз заҳматҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувор мегузорад.

Сипас, кормандон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз назди бинои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ба кучаҳои маркази ноҳия тақсим гардида, варақаҳои табрикотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Аштро ба сокинони ноҳия тақдим намудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *