Дар асоси нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт санаи 8-уми июли соли 2021 масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо ҷалби аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди кумиҷроия аксия ҷиҳати пурзӯр гардонидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оиди аз нав хурӯҷ ёфтани бемории сироятии СОVID-19 зери унвони “Худ ва наздиконро аз бемориҳои сироятӣ эмин доред” ташкил ва баргузор намуданд.
Зимни баргузории аксия масъулин сокинони ноҳияро оиди аз нав хурӯҷ ёфтани бемории сироятии СОVID-19 ва роҳҳои пешгирии он бархӯрдор намуда, ба онҳо варақаҳои таблиғотии “Худ ва наздиконро аз бемориҳои сироятӣ эмин доред” тақсим намуданд. Инчунин, ба сокинон оиди риояи гигиенаи шахсӣ аз ҷумла, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, тез-тез шустани дастон бо собун ва маҳлулҳои антисептикӣ, риояи масофа бо атрофиён, салом накардан, худдорӣ намудан аз ҷойҳои серодам сӯҳбат намуда, қайд карданд, ки солимии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст. Бояд нисбат ба ин беморӣ беэътиноӣ зоҳир нанамуда, дар солимии худ ва наздикон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Зеро солимии миллат солимии давлат аст.