Рубрики
Асосӣ Мақола

АШТ: Андешаи сарбоз оид ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавонон ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода бошанд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад.

Барои насли ҷавонон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд соҳаи ҳарбиро ба як сохтори боэътимод табдил доданд, ки ҳамчун поягузори Артиши миллӣ эътироф шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни дигар баромаду вохӯриҳо бо низомиёни кишвар ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо як қаноатмандӣ иброз доштанд, ки “Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботи оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд.”

Бояд қайд қайд, ки имрӯзҳо сафи ҷавонони бо хоҳиши худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Модар-Ватанро бо сари баланд адо намуда истодаасд, хеле зиёд гардида истодааст. Ва имрӯз боифтихор ба Шумоён ҷавонон, ки созандагони ин ватан ҳастед, гуфтанием, ки тамоми шароитҳо ва имкониятҳо барои хизмати сарбозон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳаё гаштаанд. Шумо низ дар оянда ба ин мактаби бузурги мардонагиву шуҷоат ва матонат шомил гардида, дар ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи модару падар ва наздикони худ бетараф набошед. Зеро ин қарзи номусу виҷдон дар назди ҳар яки шумо аст.

Аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт: Мадиёров Саидҷон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *