Нагузорем, ки ҳар гуна андешаҳои носолим мағзу шуури ҳаммилатони моро заҳролуд намояд. Барои ин мо насли ҷавонро мебояд, дар роҳи ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, поквиҷдонӣ давлату миллат, арзишҳои таърихии худро аз нерӯҳои мухолифини ҷомеа ҳифз намоем. Баҳри ободиву гул-гулшукуфии диёри хеш бо матонату иродаи қавӣ ҳиссагузор бошем.
Аъзоёни гурӯҳи тарғиботии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт
АНДЕША: Нерӯҳои мухталифи ҷангҷӯю вайронкор имрӯзҳо дар гӯшаву канори олам даст ба қатлу куштор мезананд. Биноҳоро месӯзонанд, хонаҳоро ба коми оташ меандозанд, шаҳрҳоро харобу валангор месозанд, ёдгориҳои таърихиро аз байн мебаранд. Онҳо чун Заҳҳоки морон фаъолият мекунанд, то насли инсонро аз рӯи замин нест намоянд.
Имрӯз моро зарур аст, ки дӯсту душманро бишносем ва ҷомеаро аз тоифаи нохалафон тамиз бисозем. Мо набояд ба ин масъалаи ҳаётии миллат, ки ба ҳастии мо зарба мезанад бетараф набошем. Бояд ба ин гуна сиёсатҳои зиддимиллӣ ва шахсони ба фарҳанги миллии бегона, ки зери пардаи дин паноҳ бурдаанд, ҷавоби дандоншикан гардонида, рафтори номаҳдудашонро маҳкум созем. Зеро ҳадафи давлат ташкили давлати миллӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Аъзоёни гурӯҳи тарғиботии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт