Рубрики
Асосӣ

АШТ: “Арҷгузорӣ ба поси хотири муҳофизони Ватан”

Санаи 19-уми феврали  соли равон  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар асоси барқияи КИ  ҲХДТ  дар вилояти Суғд аз санаи 17.02.2022, таҳти №15 бо мақсади  дар сатҳи баланд таҷлил намудани 29-умин солгарди  таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пос доштани хотираи гузаштагон, ки дар пойдории сулҳу ваҳдат дар мамлакат ҷоннисорӣ намудаанд аксияи ноҳиявии  тозагии  оромгоҳҳо, майдони Муҷассамаи “Модар” ва  “Ҷанговарони байналмилал”  таҳти унвони  “Арҷгузорӣ ба поси хотири муҳофизони Ватан”  ташкил карда шуд.

 Кормандони кумиҷроияи ноҳиявӣ  ва   ТҶҶ  “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ  гирду атрофи  Оромгоҳ  ва майдони Муҷассамаи “Модар”  -и Ҷамоати шаҳраки Шайдонро аз алафҳои хушкшудаву партовҳо, ки симои ҷойҳои муқаддасро  бенур гардонида буд, тоза намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *