Рубрики
Uncategorized

Ашт: Аёдати маъюбон дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилал

Бо  мақсади  дастгирии   иҷтимоии  оилаҳои  эҳтиёҷманд  ва маъюбону барҷомондагон санаи 16-уми марти соли равон раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Ашт Хушнуд Каримзода ва раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мадаминова Мӯътабар  дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ба аёдати  маъюби  гурӯҳи якум,  сокини  Ҷамоати шаҳраки Шайдон  ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи ӯ аз наздик шинос шуда,   кӯмаки  молиявӣ  расониданд.

Аёдатшаванда аз ин иқдоми хайру савоб, шоду мамун гардида, ба Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзу сипоси самимии хешро изҳор намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *