Санаи 8-уми июни соли 2022 дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Муассисаи давлатии назоратии санитарию эпидемиологӣ дар ноҳияи Ашт бо иштироки раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова М. маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Муассисаи давлатии назоратии санитарию эпидемиологӣ дар ноҳияи Ашт оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди Муассисаи давлатии назоратии санитарию эпидемиологӣ дар ноҳияи Ашт дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дод.
Дар рафти маҷлис аз рӯи масалаҳои баррасигардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова М. ба сухан баромада, оид ба татбиқи Барномаи ҲХДТ, дастовардҳои замони истиқлолият, рушди иқтисодии кишвар, рушди соҳаи саноат, зиёд гардидани иқтидори энергетикии мамлакат ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳои хешро баён карда, раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Муассисаи давлатии назоратии санитарию эпидемиологӣ дар ноҳияи Ашт Собиров Р. ва масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбиро оид ба ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо ва татбиқи корҳои ҳизбӣ дастуру супоришҳо доданд.