Рубрики
Асосӣ

АШТ: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ТАҲТИ УНВОНИ “ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ”

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар ҳамкорӣ бо шуъбаи мароифи ноҳияи Ашт дар асоси барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 9-уми декабри соли 2022 таҳти №81  доир ба шарҳу тавзеҳи мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдулло Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 Ҷамоати шаҳраки Шайдон  озмуни иншои беҳтарин дар мазӯи “Таърих гувоҳ аст” байни хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати шаҳраки Шайдон, Ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Шодоба ва Понғоз баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки мақолаи  коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдулло Раҳнамо тули чанд рӯз аст, дар нашрияву маҷаллаҳои кишвар ва тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ инъикос гардида истодааст, ки  хеле саривақтиву муҳим аст.    

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *