Рубрики
Асосӣ

АШТ: БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТ

        Дар доираи баргузории чорабиниҳои “Албом – эстафета” бо аъзоёни фаъоли ҳизбӣ    бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат доир гардид.

  Чорабиниро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд ҳусни оғоз бахшида,  оид ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба ҳам омадан ва дар мамлакат сулҳу суботро таъмин намудан,  ба дастовардҳоҳу пешравиҳо ноил гардидан суханронӣ намуда, иштирокдорони чорабиниро аз номи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният кард.

  Сипас,  мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Зиёбидинова Г, омӯзгорон Гулруи Муҳаббатзод ва Маҳкамова Нозанин  низ дар баромади худ доир ба  нақш ва мавқеи Иҷлосияи XVI тақдирсози миллат, бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон, тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик, муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ, ки ин ҳама натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон буд қайд карданд.

Дар охир раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд барои иштирокдорон арзи сипос намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар пешравию ободии кишвар дар канор набуда, ҳиссаи созандаи худро гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *