Рубрики
Асосӣ

АШТ: БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар асоси ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 05.02.2021 сол бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯдакистони №4 ба номи “Сафина” чорабинии идона таҳти унвони “Артиши миллӣ такягоҳи боэътимоди кишвар” бо иштироки раиси Шӯрои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова М., муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Нурматов О. ва падару модарони тарбиятгирандагони мазкур доир гардид.

Чорабиниро мудираи кӯдакистони №4 ба номи “Сафина” Турсунова Н. оғоз намуда, ҳозиринро бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.

Сипас муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Нурматов О. тарбиятгирандагону мураббиягони кудакистон ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда, қайд кард, ки ҳарчанд рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давлати ҷавони мо давраи ниҳоят душвор буд, вале бо вуҷуди ин мо мардум болида аз он ҳастем, ки дар диёри биҳиштосоямон бо донишу ғайрат, заковату садоқат ва талошу ҷонбозиҳои фарзанди бонангу номуси Ватан, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи сулҳ, субот, оромӣ, осудагӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоишта, умеди устувор ба зиндагии имрўзу оянда фароҳам оварда шуд.

Баъдан ба чорабинӣ барномаи фарҳангие, ки  бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳиянамудаи тарбиятгирандагони кудакистони мазкур ҳусни хосае зам намуд.

Пас аз анҷоми чорабинӣ дар вазияти тантанавӣ якчанд нафар аъзоёни ҲХДТ ва тарбиятгирандагони кудакистони мазкур бо сипосномаву туфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва  кӯдакистони №4 ба номи “Сафина” қадршиноси карда шуд.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *