Рубрики
Асосӣ

АШТ: Биё эй ҳамватан, то ҷонфидои ин ватан бошем!

Ватан ин сарчашмаи зиндагии пурнуру равшани ҳар шахси собитқадам аст. Зеро мо дар оғӯши он ба дунё меоему диду дили хешро ба кору зиндагӣ ҳамраҳ месозем.

Беҳуда нест, ки шоири шаҳири миллат, устод Мирзо Файзалӣ гуфтаанд:

                         Биё, эй ҳамватан то ҷонфидои ин Ватан бошем,

                         Ба ҷон омодаи ҳар муддаои ин Ватан бошем.

                         Канораш гарму роҳатбахш чун домони модарҳост,

                         Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем!

Бале, ҳар яки моро мебояд то аз таърихи гузаштаи миллати хеш ба хубӣ огоҳ бошем ва рисолати фарҳангиву фарзандии мост, ки таърихи ноби миллиамонро ба ояндагон фардоафрӯзӣ намоем. Чун имрӯзҳо бештар ба назар мерасад, ки бадхоҳони миллати тоҷик аз дур истода ба сӯи ин меҳани осоишта санги маломат мезананд ва суханҳои торике алайҳи ин Тоҷикистони байналмиллалӣ ироа месозанд, ки тамоман қобили қабул нест.  Барои ҳамин бояд мо зиракии сиёсиро аз даст надода, бо гӯшу ҳуши хирад паи ҳифзи арзишҳои миллӣ талош ба харҷ диҳем.

                              Зикри дили ман ҳамеша номи ватан аст,

                              Авроди забони ман каломи ватан аст.

                              Ман ошиқи ишқи ватани маҳбубам,

                              Феҳристи китоби ман мароми ватан аст!

Ҷавонони далеру шуҷоатманди кишвар биёед бо дили гарму бозуи Рустамона ватанамонро аз хурофотҳои бегонапараст ҳифз созем ва Тоҷикистонро, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ беш аз садҳо халқу миллат мешиносад ва эътироф месозад, боз ҳам шуҳратманду соҳибнуфуз созем. Иродаи мустаҳками имрӯзи мо, фардои дурахшони ватанро мадди назар меоварад. Пас, баҳри шукуфоии давлату миллати хушбахти хеш талош мекунем, то Тоҷикистони сарсабзамон доимо мунаввару мунаққаш бошад!

Аъзои фаъоли ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Юнусалиев У.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *