Рубрики
Uncategorized

АШТ: “ВАКСИНА” КУМАК ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ COVID-19

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт имрӯз дар асосии барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти №104 аз санаи 7.12.2021 ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавируси COVID-19, ки тайи дусол инҷониб тамоми ҷаҳонро домангир шуда, боиси марги чандин ҳазор нафар мардумони дунё гардид ва фаро гирифтани сокинон ба ваксинаи зидди коронавирус корҳои ташвиқотиву тарғиботиро бо усули кӯча ба кӯча дар маркази Ҷамоати шаҳраки Шайдон бо сокинон ташкил намуданд. Рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ масъулини кумиҷроияи ноҳиявӣ сокинонро водор сохтанд, ки наҳаросед ва ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ дода нашавед, зеро ваксина метавонад роҳи қавии на танҳо ҳимояи худ, балки тамоми ҷомеа бошад. Имрӯзҳо, ки маъракаи эмгузаронӣ дар авҷ аст, биёед, кӯшиш ба харҷ диҳем, то ҳарчи зудтар худ ва аҳли оилаи худро аз ин бемории сироятӣ, бо гирифтани ваксина муҳофизат намуда, дар хотима ёфтани пандемия ҳар яке саҳми худро гузорем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *