Рубрики
Асосӣ

          АШТ:  Ваҳдати миллӣ-омили рушди ҷомеа

Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои 90-уми карни гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро бӯҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Вале, хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик, талошхои пайвастаи Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирад, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад. Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош варзида истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки барои ноил шудан ба чунин дастоварди тақдирсоз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Чумхурии Точикистон нақши калиди бозида, заминаҳои пойдори фароҳам овардани роҳи минбаъдаи рушди ҳаёти миллатамонро муайян намуд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу тараккикарда мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.

Бинобар ин, ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.

Итминони комил дорем, ки муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор мемонанд ва моро дар роҳи татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози Ҳукумати мамлакат ғайрату илҳоми тоза мебахшанд.

     Имсол, ки  Ваҳдати миллии мо бисту панҷсола  мегардад, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири ин Ватани азиз, ин марзу буми муқаддас, пойдории озодиву соҳибихтиёрӣ ва ободиву оромии он дучанд заҳмат кашем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилали боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем, яъне тамоми кӯшишу ғайрати мо ва ҳар рӯзи фаъолияти кории кулли фарзандони ватандӯст ва бонангу номуси миллат ба номи истиқлол, ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии кишвари азизамон – Тоҷикистон сафарбар карда шавад.

                  Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *