Рубрики
Uncategorized

АШТ: Ворух порае аз қаламрави таърихии Тоҷикистон аст!

Деҳаи Ворух севвумин маркази таърихию фарҳангии водии Исфара мебошад. Вожаи Ворух аз “вара”-и форсии қадим гирифта шуда маънии “қалъа”, “мавзеи ба девор иҳоташуда”-ро дорад. Аз сабаби дар мобайни кӯҳҳо ҷой гирифтан Ворух номгузорӣ шудааст.

Имрӯз ин ҷо мо бесабаб ин сатрҳоро интишор намекунем. Зеро ҳодисаҳои рӯзҳои охир дар марзи Ворух бо Қирғизистон собит намуда истодааст, ки мо хома ба даст гирему порае аз қаламрави таърихии кишвари азиз, марзу бум, хоки Тоҷикистон, деҳаи Ворухро, ки маҳсуб аст ба шаҳри Исфара пайгирӣ намоем.

Мардуми қирғиз хуб медонанд, ки Ворух аз Тоҷикистон аст ва ҳеҷ гоҳ онро гирифта ҳам наметавонанд! Халқи шарафманди тоҷик, ки нангу номуси баланди миллӣ доранд ва ба ин ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд.

Тоҷикон фарҳанги бою ғанӣ ва маданияти воло доранд, дар мубориза ба ҳама гуна падидаҳои бегона муваффақ гаштаанд. Боварӣ дорем, дар ин набард низ сарбаланду муваффақ мегарданд. Ҳар як фарди банангу номуси ин сарзаминро мебояд, ки ба хотири нигоҳдошт ва таъмини ободиву оромӣ, суботи кишвар ва ҷомеаи мутамаддин саҳми сазовори хешро гузошта бошанд. Зеро ин сулҳу суботи комил ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ба даст овардани он фарзандони фарзонагон талоши зиёде ба харҷ додаанд.

Мо тоҷикон ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки кишвари азизамон бори дигар ба як кишвари ҷангзада табдил гардад. Мехоҳем мардум зиндагии орому осуда дошта бошанд, дар кишвар сулҳу субот то абад пойдор бимонад.

Бори дигар қайд кард, ки Ворух аз они тоҷикон аст! Мардуми тоҷик марзу бум ва ҳар пора хоки Ватанро азизу муқаддас мешуморанд. Намегузоранд, ки пои душман ба хоки поки Тоҷикистон расад. Доимо устувор, омода ба хизмати Ватан буда, таҳти сиёсати дурандешонаву сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъона ин мушкилотро бо роҳи осоишта ҳаллу фасл намуда, баҳри якпорчагии кишвари маҳбуб саҳми хешро мегузоранд.

КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АШТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *