Рубрики
Асосӣ

АШТ: ВОРУХ ПОРАИ ТАНИ ХАР ЯК ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНИСТ

Солҳои охир миёни Тоҷикистону Қиризистон муноқишаҳои сарҳадӣ зиёд рух медиҳанд, ки боиси марги чандин тан афсарону сарбозон,  сокинон ва кӯдакон гардидааст. Тоҷикону қирғизҳо, ки садсолаҳо бо ҳам мезистанду муносибати дӯстона доштанд, солҳои охир баъзе ашхоси қирғиз тухми кинаву адоватро миёни мардум кошта, мехоҳанд бо аз худ донистани қисми марзи Тоҷикистон муноқишаҳои сарҳадиро роҳандозӣ намоянд. Муносибатҳо дар сатҳи олии давлатӣ хуб асту аммо дар тарафи муқобил, яъне шахсоне дар сатҳи поёнӣ (маҳалла) худсарона ба анҷоми амалҳое даст мезананд, ки ин хилофи тамоми қонунҳои байналмилалӣ ва тамоми санадҳои ба имзорасидаи миёни ду давлати дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Инҷо савол ба миён меояд, ки чаро ҳукумати марказии Қирғизистон пеши роҳи шаҳрвандони худро гирифта наметавонад ё чаро сатҳи поёнӣ ба ҳукумати марказӣ итоат намекунад? Ворух қисме аз хоки Ватани маҳбуби мо буда, пораи тани ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Мо ҳаргиз намегузорем, ки ба заминҳои мо бегонае дастдарозӣ бикунад. Мо хун медиҳему хок намедиҳем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *