Рубрики
Асосӣ

АШТ: Вохурию мулоқотҳои судманд аз тарафи масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

         Санаи 01.09.2022 дар толори МТМУ №43-и   ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди деҳаи Хуҷанбердиеви дар вилояти Суғд аз санаи 16.08.2022 сол таҳти №52 ҷиҳати пешгирии бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо омӯзгорони муассиса ва аҳлии деҳа баргузор карда шуд.

         Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мадаминова Мӯътабар иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода баромад намуда,  зимни баромади хеш дар самти ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати пешгирии шомилшавии бархе аз сокинону ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ, ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона намоем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем ва ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

         Суратгузориш аз рафти чорабинӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *