Рубрики
Uncategorized

Ашт: Вохӯри бо ҷавондухтарон

 Санаи  10-уми марти  соли  ҷорӣ мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо ҷавондухтарони фаъол ҷиҳати ҷалб намудани онҳо ба омӯзиши илм, мутоилаи китобҳои бадеиву илмӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, аз худ кардани ҳунарҳои миллӣ, даст кашидан аз либосҳои бегона, роҳи дурусти интихоби касб ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз  мулоқот доир намуд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия оид ба дастгириву ғамхориҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба ҷавонон махсусан, духтарон, ки дар муасисаҳои олии кишвар ва берун аз кишвар таҳсили илм намуда истодаанд, инчунин  тариқи Квотаи Президентӣ ба донишгоҳҳои олии мамлакат дохил намудани ҷавондухтарон ва бо хобгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардидани онҳо  изҳори назар кард. Инчунин қайд кард, ки  барои ояндаи худро сохтан бояд онҳо аз илму ҳунарҳои замони муосир бархӯрдор гардида, дар роҳи дурусти интихоби касб беаҳамият набояд бошанд.  Эҳтироми насли калонсолро ба ҷо оваранд ва вақтҳои холии худро беҳуда нагузаронида, ба ягон шуғли дӯстдоштаи хеш машғул гарданд.

Аз ҷониби духтарон низ оид ба интихоби касб ва бар бар намудани либосҳои бегона фикру андешаҳои ҷоли мавриди баҳс қарор гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *