Рубрики
Асосӣ

АШТ: Дидан намудан аз фаъолияти коргоҳи ҶДММ Рахш дар ноҳияи Ашт

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода, Раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода бо мақсади  вусъат бахшидани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳунарҳои мардумӣ ва барои ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани сатҳи хизматрасонӣ,  баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, инчунин, таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ, ҷалби занону бонувони хонашин  ба  касбу  ҳунар ва ба ин восита ба кор таъмин гардидани онҳо аз  фаъолияти  “Коргоҳи дӯзандаги”–и ҶДММ  “РАХШ Р.М” дар ноҳияи Ашт аз наздик ошно гардиданд.

         Бояд ёдовар шуд, ки коргоҳи  дӯзандагии ҶДММ  “РАХШ Р.М”   аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ  таъсис дода шуда, он  моҳи апрели соли 2022  бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.

Дар коргоҳ зиёда аз 40-нафар занону духтарони хонашин ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардида,  аҳолии ноҳияро бо  либосҳои мактабӣ ва либосҳои расмӣ таъмин менамоянд.

Коргоҳи мазкур дар оянда нақша дорад,  ҷавондухтаронро низ аз деҳаҳои дурдасти ноҳия ба касбомӯзӣ ҷалб намояд, то ҳар яке аз онҳо ҳунари дӯзандагиро  аз худ карда,  дар маҳали хеш ин ҳунарро сайқал диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *