Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Ҷамоати деҳоти Ифтихор бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд, раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова М. ва аъзоёни ҳизб маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Ҷамоати деҳоти Ифтихор Амонов С. оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди Ҷамоати деҳоти Ифтихор дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дод.
Дар рафти маҷлис аз рӯи дигар масалаҳои баррасигардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд ба сухан баромада, оид ба татбиқи Барномаи ҲХДТ, дастовардҳои замони истиқлолият, рушди иқтисодии кишвар, рушди соҳаи саноат, зиёд гардидани иқтидори энергетикии мамлакат ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳои хешро баён карда ва масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбиро оид ба ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо ва татбиқи корҳои ҳизбӣ дастуру супоришҳо доданд.