Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID-19 ҳамарӯза бо усули “кӯча ба кӯча” ва “хона ба хона” корҳои фаҳмонидадиҳиро бо аҳоли пурзӯр карда истодаанд. Зимни вохӯрӣ Масъулин аз қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла тез тез дастонро бо собун ва маҳлулҳои безараргардонӣ шустан, бе зарурат ба кӯча набаромадан, бе ниқоби муҳофизатӣ дар ҷойҳои серодам гаштугузор накардан, ҳамзамон ба онҳо ниқобҳои муҳофизатӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ тақсим карданд. Таъкид доштанд, ки худ ва наздиконро аз бемории сироятӣ эҳтиёт намоянд.
Рубрики
АШТ: Идомаи корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ
