Рубрики
Асосӣ

АШТ: ИДОМАИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ–ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди МД Литсейи касбии техникии ноҳияи Ашт маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд, раиси шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова М. ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Ибрагимов Иқбол иштирок намуданд.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди МД Литсейи касбии техникии ноҳияи Ашт масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: 1.Ҳисоботи  ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда., 2.Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти   ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022, 3. Интихоби   раис ва раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, интихоби  вакилон ба Конференсияи  ҳисоботӣ – интихоботии  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи  Ашт ва қабул ба сафи ҳизб.

Дар рафти маҷлис аз рӯи масалаҳои зикршуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар охир ба якчанд нафар ҷавонони нав ба сафи ҲХДТ қабул гардида, дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *